this is a title for here

 

 Имом Хоманаӣ: "Шаҳидон дар раъси ифтихорот ҳастанд"

  Operator 28 October 2021 275 Read

Баёноти Валии амри мусалмонони ҷаҳон дар дидори дастандаркорони конгресси 3535 шаҳиди устони Занҷони Эрон, ки дар санаи (16.10.2021) баргузор шуда буд, субҳи имрӯз (панҷшанбе) дар маҳалли баргузории ин ҳамоиш мунташир шуд.


Имом Хоманаӣ дар ин дидор бо ишора ба ифтихороти пуршумори Занҷон дар арсаҳои илмӣ, амалӣ ва майдонҳои иҷтимоъӣ ва номоварии шахсиятҳои барҷаста ва мумтоз аз ҷумла шаҳиди номдори ҳастаӣ, шаҳид Шаҳриёрӣ гуфтанд: “Шаҳидон дар раъси ифтихороти Занҷон ҳастанд.”

Валии амри мусалмонони ҷаҷҳон, шаҳидонро баргузидагони Худованд хонданд ва афзуданд: “Шаҳодат қуллае аст, ки дастёбӣ ба он бидуни ихлос ва исор, сидқу маънавият, муҷоҳидат ва гузашт, таваҷҷӯҳ ба Худо ва кор барои мардум, ва талош барои таҳаққуқи адолат ва истиқрори ҳокимияти динӣ имконпазир нест.”

Эшон баргузории ҳамоишҳои бузургдошти шаҳидонро вазифа ва ҳасанае бузург донистанд ва хотирнишон карданд: “Бо гузашти чандин сол аз дифоъи муқаддас, ҷараёни бузургдошти шаҳидон бояд бо ибтикорҳое ҳамчун таҳлил ҷомеъашинохтӣ ва равоншинохтӣ аз хотироти он даврон ва нақши пурқудрати Дин идома пайдо кунад.”

Имом Хоманаӣ бо интиқод аз касоне, ки нақши унсури динро дар фидокориҳои даврони дифоъи муқаддас нодида мегиранд, гуфтанд: “Омодагии ҷавонон барои сина сипар кардан дар муқобили хатарот ва ризояти падарону модарон ва ё ҳамсарони онҳо ба эъзоми азизонашон ва сипас сабр бар шаҳодати онҳо, бидуни тардид реша дар нигоҳи динӣ ва анҷоми вазифа барои касби ризои илоҳӣ дорад ва ин ҳолот ва эҳсосоти хонаводаҳои шуҳадо ҳамагӣ дар хӯри таҳлил аст.”

Эшон ҳамчунин хадамоти камназири мардумӣ дар ҳошияи Дифоъи Муқаддас монанди таҳияи ғазо ва озӯқаворӣ барои размандагон, шустушӯи либосҳои онон ва низ ташйеъи ҷанозаҳои азим ва ба ёд мондании шаҳидонро аз ҷумла масоили мағфул ва ниёзманди сабту таваҷҷӯҳ донистанд ва дар хусуси номгузории хиёбонҳо ба номи шаҳидон гуфтанд: “Чи ифтихоре барои як шаҳру кӯчаҳо ва хиёбонҳои он болотар аз ин ки номи як шаҳиди бузург ва фидокор бар рӯи он бошад. Шаҳр бояд ба номи шаҳидон музайян бошад ва шӯроҳои шаҳр низ бидонанд, ки шаҳр бо номи чи касоне муфтахар мешавад.”

Пурбоздидтаринҳо

All rights reserved This website is owned 2017