this is a title for here

Маъорифи Исломӣ
25 January 2022

Баёноти Валии амри мусаомонони ҷаҳон дар дидори дастандаркорони ҳамоиши ҳазрати Ҳамза (а), ки дар санаи 25-уми январи 2022 баргузор шуда буд, субҳи имрӯз (панҷшанбе) дар маҳалли баргузории ин ҳамоиш дар Қум мунташир шуд.

Имом Хоманаӣ дар ин дидор бо ташаккур аз бузургдошти ҷаноби Ҳамза (амаки Паёмбари бузургвори ислом), манобеъи илмӣ ва таҳқиқии ин ҳамоишро заминаи муносибе барои фарҳангсозӣ ва улгӯсозӣ аз он шахсияти бузурги ислом донистанд ва гуфтанд: “Бо вуҷуди нақши барҷастаи ҷаноби Ҳамза дар торихи ислом ба вижа дар ҳиҷрат ба Мадина ва рашодати ӯ дар ҷангҳои бо куффор, аммо ин шахсияти арзишманд ғариб аст ва бояд аз зиндагии ин бузургвор ва дигар саҳобаи барҷаста аммо ношинохтаи Паёмбар ҳамчун Аммор, Салмон, Миқдод ва Ҷаъфар ибни Абитолиб дар қолабҳои ҳунарӣ ва намоишӣ тасвирсозӣ шавад.”

Эшон ҳадафи Паёмбари Акрам (с) аз маъмур кардани занони мадина ба гиря бар ҷаноби Ҳамза пас аз шаҳодат ва муаррифии ӯ ба унвони Сайидуш-шуҳадоро, улгӯсозӣ аз ин шахсияти шуҷоъ ва фидокор барои ҳамешаи торих ва ҳамаи мусалмонон донистанд ва хотирнишон карданд: “Ду унсури муҳимми улгӯсоз дар шахсияти ҷаноби Ҳамза, “қудрати шинохт” ва “иродаи қавӣ ва азми росихи” ӯ аст.”

Имом Хоманаӣ бо ишора ба ривояте аз Амирул-мӯъминин, ҷаноби Ҳамзаро аз масодиқи “мӯъминони содиқ бар аҳди илоҳӣ” хонданд ва гуфтанд: “Марокизи ҳавзавӣ ва дастгоҳҳои таблиғӣ ҳиммати худро бар тарбияти шахсиятҳое қарор диҳанд, ки мисдоқи маорифи илоҳӣ ва аҳкоми исломӣ бошанд, чаро ки чунин шахсиятҳое қодир ба наҷоти ҷомеъа дар мавқеъҳои ҳассос ҳастанд ва бо вуҷуди онҳо ташкили тамаддуни исломӣ қатъӣ хоҳад буд.”

23 January 2022

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Валии амри мусалмонони ҷаҳон имрӯз ( якшанбе ) дар иди валодати ҳазрати Заҳро саломуллоҳи алайҳо дар дидор бо ҷамъе аз маддоҳону зокирони Аҳли байти алайҳимус-салом фармуданд : Ҳайат маҳали баён аст, маҳали баёни муҳимтарин мафоҳими маорифи исломӣ ва маорифи алавӣ ҳайат аст, маҳали посух ба суолҳо аст.


Имом Хоманаӣ дар идома таъкид карданд: “Имрӯз ҷавонҳои мо суол доранд, суолҳои гуногуне доранд, дар бораи сабки зиндагӣ суол доранд, дар бораи масоили усулӣ суол доранд, суол ҳам баҷост .Роҳи мувоҷеҳа бо суол андешидану посух додан аст.Ин кор бояд дар ҳайат анҷом бигирад, маркази муҳими ин кор ҳамин ҳайат аст.”

Эшон бо ишора ба таҳарруки васеъи душманони миллати Эрон барои ворунасозии афкор ва тахриби имон ва боварҳои мардум ба василаи анбӯҳи расонаҳо ва бо истифода аз ҳазорон мутахассиси ҳунар ва расона ва пуштибониҳои ҳангуфти молӣ ва амниятӣ, муҳимтарин арсаи ҷиҳодро арсаи “табйин ва рӯшангарӣ” донистанд ва таъкид карданд: “Дар муқобили ин ҳаракати шайтонӣ, ҳайъатҳо бояд аз худ савол кунанд, ки дар ҷанги беамони ҷабҳаи ҳаққу ботил, ва тақобули ривояти дурӯғ ва ҳақиқат дар куҷо қарор доранд ва чигуна ормонҳо ва мабонии аслии инқилобро густариш медиҳанд.”

28 October 2021

Баёноти Валии амри мусалмонони ҷаҳон дар дидори дастандаркорони конгресси 3535 шаҳиди устони Занҷони Эрон, ки дар санаи (16.10.2021) баргузор шуда буд, субҳи имрӯз (панҷшанбе) дар маҳалли баргузории ин ҳамоиш мунташир шуд.


Имом Хоманаӣ дар ин дидор бо ишора ба ифтихороти пуршумори Занҷон дар арсаҳои илмӣ, амалӣ ва майдонҳои иҷтимоъӣ ва номоварии шахсиятҳои барҷаста ва мумтоз аз ҷумла шаҳиди номдори ҳастаӣ, шаҳид Шаҳриёрӣ гуфтанд: “Шаҳидон дар раъси ифтихороти Занҷон ҳастанд.”

Валии амри мусалмонони ҷаҷҳон, шаҳидонро баргузидагони Худованд хонданд ва афзуданд: “Шаҳодат қуллае аст, ки дастёбӣ ба он бидуни ихлос ва исор, сидқу маънавият, муҷоҳидат ва гузашт, таваҷҷӯҳ ба Худо ва кор барои мардум, ва талош барои таҳаққуқи адолат ва истиқрори ҳокимияти динӣ имконпазир нест.”

Эшон баргузории ҳамоишҳои бузургдошти шаҳидонро вазифа ва ҳасанае бузург донистанд ва хотирнишон карданд: “Бо гузашти чандин сол аз дифоъи муқаддас, ҷараёни бузургдошти шаҳидон бояд бо ибтикорҳое ҳамчун таҳлил ҷомеъашинохтӣ ва равоншинохтӣ аз хотироти он даврон ва нақши пурқудрати Дин идома пайдо кунад.”

Имом Хоманаӣ бо интиқод аз касоне, ки нақши унсури динро дар фидокориҳои даврони дифоъи муқаддас нодида мегиранд, гуфтанд: “Омодагии ҷавонон барои сина сипар кардан дар муқобили хатарот ва ризояти падарону модарон ва ё ҳамсарони онҳо ба эъзоми азизонашон ва сипас сабр бар шаҳодати онҳо, бидуни тардид реша дар нигоҳи динӣ ва анҷоми вазифа барои касби ризои илоҳӣ дорад ва ин ҳолот ва эҳсосоти хонаводаҳои шуҳадо ҳамагӣ дар хӯри таҳлил аст.”

Эшон ҳамчунин хадамоти камназири мардумӣ дар ҳошияи Дифоъи Муқаддас монанди таҳияи ғазо ва озӯқаворӣ барои размандагон, шустушӯи либосҳои онон ва низ ташйеъи ҷанозаҳои азим ва ба ёд мондании шаҳидонро аз ҷумла масоили мағфул ва ниёзманди сабту таваҷҷӯҳ донистанд ва дар хусуси номгузории хиёбонҳо ба номи шаҳидон гуфтанд: “Чи ифтихоре барои як шаҳру кӯчаҳо ва хиёбонҳои он болотар аз ин ки номи як шаҳиди бузург ва фидокор бар рӯи он бошад. Шаҳр бояд ба номи шаҳидон музайян бошад ва шӯроҳои шаҳр низ бидонанд, ки шаҳр бо номи чи касоне муфтахар мешавад.”

2 May 2021

Валии амри мусалмонони ҷаҳон таъкид карданд: Адолат аз хусусиёти чашмгири Имом Алӣ (а) аст

Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломӣ Ҳазрати Оятуллоҳи Хоманаӣ   имрӯзи якшанбе дар суханонашон фармуданд дар муаррифии шахсияти Имом  Алӣ (а ) як марҳалаи " имомат" аст ва имомат ба маънои  раёсати дин ва дунё нест.

Имом Хоманаӣ, дар баёни хусусиёти Имом  Алӣ ( а ) ба адолат авфнопазир ва бемулоҳиза ишора намуда, шуҷоат ва дили раҳимро низ аз дигари хусусиёти Ҳазрати Алӣ ( а) унвон карданд. 

Раҳбари Инқилоби Исломӣ, хотирнишон карданд ҳам дар хусусиёти  шахсӣ бояд ба Ҳазрати Алӣ ( а) иқтидо кард ва ҳам  дар одоби ҳукумат бояд ҳамин шеваро дар амали худамон риоят кунем, ки албата хеле ақаб ҳастем. 
  

14 October 2020

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ибтидои ҷаласаи дарси хориҷи фиқҳ рӯзи сешанбе (1398-10-03) зимни шарҳи ҳадисе дар бораи сираи Паёмбари Аъзам (с) ба баёни аҳамияти мардумӣ будан ва унс гирифтан бо табақоти мухталифи мардум пардохтанд.

16 July 2020

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ибтидои ҷаласаи дарси хориҷи фиқҳ рӯзи душанбе (2019-12-30) ба баён ва шарҳи ҳадисе дар бораи охирин гуфтугӯҳои Паёмбари Аъзам (с) ва ҳазрати Фотимаи Заҳро (а) пардохтанд.

 

 

13 October 2020

1. Шаҳодат, марги тоҷирона ва марги одамҳои зирак аст. (2005-05-02)

2. Шаҳодат, яъне ворид шудан дар ҳарими хилвати илоҳӣ ва меҳмон шудан бар сари суфраи зиёфати илоҳӣ; ин хеле бо азамат аст. (1992-01-30)

3. Шаҳодат бадин маъно аст, ки як инсон бартарин ва маҳбубтарин сармояи дунявии хешро нисори ормоне созад, ки мӯътақид аст зинда мондан ва борвар шудани он, ба суди башарият аст. (2002-12-06)

4. Исор, яъне надидан ва ба ҳисоб наовардани худ. Ин, аввалин мавзеъгирии шаҳид аст. (1997-05-07)

5. Шуҳадо ин ҳадияи илоҳиро осон ва ройгон ба даст наоварданд; ба қимати муҷоҳидат ба даст оварданд; дар роҳи Худо ҷиҳод карданд, аз худашон гузаштанд ва Худо ин ҳадияро ба онҳо дод. (2005-05-02)

6. Ҳадияи шаҳодатро Худо ба чи касе медиҳад? Худо ин ҳадияро арзон намедиҳад; ба касоне медиҳад, ки дар роҳи ӯ муҷоҳидат кунанд. (2005-05-02)

7. Шаҳид ҷонро фурӯхт ва дар муқобили он, биҳишт ва ризои илоҳиро гирифт, ки болотарин дастовардҳост. (1989-08-16)

8. Он чизе, ки мо бояд ба он ифтихор бикунем ин аст, ки расми шаҳодат ва суннати илоҳии қатли фи сабилиллоҳ, бо низоми исломӣ зинда шуд. (1989-08-16)

9. Хосияти кушташудан дар роҳи Худо ин аст, ки инсоне ҷони худро сарф мекунад барои як ҳадаф ва мақсади илоҳӣ ва Худои Мутаол ҳам дар посух ба ин исор ва гузашти бузург, ҳузури ӯро дар миллати ӯ тадовум мебахшад ва ёд, фикр ва ормони ӯ зинда мемонад. (1989-08-16)

10. Агар ин шаҳодатҳо набуд, агар ин фидокориҳо набуд, ин низом боқӣ намемонд; ин ниҳоли низом, мавриди таҳоҷуми тӯфонҳои сахт буд. (2016-12-05)

11. Масъалаи Шаҳид ва Исоргарӣ, мотори ҳаракати ҷомеъа аст. (2004-07-06)

12. Бузургдошти шуҳадо барои ояндаи ин кишвар, ҳаётӣ ва зарурӣ аст. (2015-02-16)

13. Гоҳе ранҷу заҳмати зинда нигоҳ доштани хуни шаҳид, аз худи шаҳодат камтар нест. (1997-05-07)

14. Ман ақидаи росих дорам бар ин ки яке аз ниёзҳои асосии кишвар, зинда нигоҳ доштани номи шаҳидон аст. (2015-02-16)

15. Ёд, ифтихорот, иззати шаҳидонро ҳама бояд насбул-айни худашон қарор бидиҳанд; нагузоред фаромӯш бишавад. (2007-04-22)

16. Рӯзбарӯз бояд ёди шаҳидон ва такрори номи шаҳидон ва нуктаёбӣ ва нуктасанҷии зиндагии шаҳидон дар ҷомеъаи мо ривоҷ пайдо кунад. (2015-02-16)

17. Онҷое, ки ёди шаҳодат, ёду зикри шаҳидон, тамҷид аз азамати шаҳидон вуҷуд дорад, ҳар инсоне, ҳар диле эҳсоси азамат ва истиғнои аз ғайри Худо мекунад. (2012-02-29)

18. Фарҳанги шаҳодат яъне фарҳанги талош кардан бо сармоягузорӣ аз худ барои аҳдофи баландмуддати муштарак байни ҳамаи мардум; ки албатта дар мавриди мо он аҳдоф, махсуси миллати Эрон ҳам нест, барои дунёи ислом балки барои ҷаҳони башарият аст. (2015-02-16)

19. Ҷаласоти бузургдошти шаҳидон, идомаи ҳаракати ҷиҳодӣ ва идомаи шаҳодат аст. (2015-02-16)

20. Дар баёни зиндагиномаи шаҳидон саъй мекунем хусусиёти зиндагии инҳо ва сабки зиндагии инҳо ва чигунагии машйи зиндагии инҳоро табйин кунем, ин муҳим аст. (2016-09-26)

20 September 2019

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Валии амри мусалмонони ҷаҳон, субҳи рӯзи чаҳоршанбе (18/09/2019) дар маросими такрим ва тақдир аз меҳмоннавозии мавкибдорони ироқӣ ва ходимони роҳпаймоии Арбаъин, зимни ташаккури самимона аз рафтори каримонаи миллати бузурги Ироқ, роҳпаймоии Арбаъинро мавзӯе беназир ва ҷаҳонӣ, ва заминасози густариши маърифати ҳусайнӣ ва ташкили тамаддуни навини исломӣ хонданд ва гуфтанд: “Роҳпаймоии бузурги Арбаъин, ояти узмои илоҳӣ ва нишонаи иродаи Парвардигор бар нусрати уммати исломӣ аст.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, рафтор ва каромати исломӣ ва арабии мардуми Ироқ дар меҳмоннавозӣ аз зоирони Арбаъинро беназир ва бар мабнои ишқи ҳусайнӣ донистанд ва афзуданд: “Аз самими қалб ва аз тарафи миллати Эрон аз ҳамаи шумо мавкибдорон, ки дар айёми Арбаъин, каромат ва маваддатро дар болотарин ҳадди буруз медиҳед ва аз ҳамаи миллати бузурги Ироқ ва аз масъулони давлат он, ки бо таъмини амният, заминаҳои ин ҳаракати азимро фароҳам мекунанд, ва аз уламо ва мароҷеъи изоми Ироқ, ташаккур мекунам.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки тавфиқи меҳмоннавозӣ аз зоирони ҳусайнӣ як неъмат ва раҳмати илоҳӣ аст, ки бояд қадри он дониста шавад, хотирнишон карданд: “Ишқ ба Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) мавзӯе истисноӣ аст, ки дар тӯли таърих назир надошта ва нахоҳад дошт ва ҳаракат ва иҷтимоъи азиме, ки ҳар сол ба муносибати Арбаъин дар Ироқ бахусус дар масири Наҷаф ба Карбало шакл мигирад, акнун абъоди байналмилалӣ пайдо карда ва Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) ва маърифати ҳусайнӣ ҷаҳонӣ шудааст.

Эшон афзуданд: “Дунёи имрӯз, ки гирифтори зулм ва фасод ва пастӣ шудааст, башиддат ниёзманди маърифати озодагии ҳусайнӣ аст ва агар Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) ба дурустӣ муаррифӣ шавад, дар воқеъ Ислом ва Қуръон муаррифӣ шудааст.”

Валии амри муслимини ҷаҳон, бо таъкид бар ин ки мантиқ ва паёми Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) наҷотбахши дунё аз ҳокимияти ҷабҳаи куфр ва истикбор хоҳад буд, гуфтанд: “Мантиқи Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) мантиқи дифоъ аз ҳақ ва истодагӣ дар муқобили зулм ва туғён ва гумроҳӣ ва истикбор аст ва ҷавонони дунё ва миллатҳои беғараз, имрӯз ташна ва ниёзманди ин мантиқ ҳастанд ва ҳаракати азим роҳпаймоии Арбаъин метавонад маърифат ва мантиқи ҳусайниро ба дунё муаррифӣ кунад.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки роҳпаймоии Арбаъин рӯзбарӯз ҷаҳонитар хоҳад шуд, ин роҳпаймоии бузургро таҷаллии ҷӯшиши хуни Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) ва таҷаллии паёми Ошӯро баъд аз 1400 сол донистанд ва хотирнишон карданд: “Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) фақат махсуси шиъаён нест балки мутааллиқ ба ҳамаи мазоҳиби исломӣ аъамми аз шиъа ва суннӣ ва мутааллиқ ба инсоният аст ва ба ҳамин иллат мо шоҳиди ҳузури ғайримусалмонон низ дар роҳпаймоии Арбаъин ҳастем.

Эшон афзуданд: “Дар шароите, ки душманони ислом аз ҳамаи абзорҳо ва васоил ва аз тамоми имконоти молӣ ва моддии худ барои муқобила бо уммати исломӣ истифода мекунанд, Худованди Мутаол роҳпаймоии Арбаъинро ногаҳон ингуна азамат ва ҷилва медиҳад ва дар воқеъ онро ба унвони як ояти узмо ва нишонае бузург аз пирӯзии ниҳоии ҷабҳаи ҳаракати ҳусайнӣ бар ҷабҳаи куфр ва истикбор ба намоиш мегузорад.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, бо таъкид бар лузуми ғинои рӯзафзуни маънавӣ ва фарҳангии роҳпаймоии Арбаъин, аҳли фикр ва фарҳангро ба барномарезӣ барои ин ҳаракати азим даъват карданд ва гуфтанд: “Роҳпаймоии Арбаъин метавонад заминасози таҳаққуқи ҳадафи ниҳоии уммати исломӣ яъне “Ташкили тамаддуни азим ва навини исломӣ» бошад ва бар ҳамин асос бояд пайвандҳои мустаҳкам миёни мусулмонон аъамми аз шиа ва суннӣ ва миллитҳо ва ақвоми мухталиф, дар ин роҳпаймоӣ бештар шавад.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: “Агар зарфиятҳои бешумори миллатҳои исломӣ дар Ғарби Осиё ва Шимоли Африқо, ба якдигар пайванд бихӯранд ва дар амал худро нишон диҳанд, он ҳангом маънии воқеии иззати илоҳӣ ва тамаддуни азими исломӣ барои ҷаҳониён ошкор хоҳад шуд.”

Эшон бо ишора ба бедории миллатҳои исломӣ, миллати бузурги Ироқро бархӯрдор аз иззат, фарҳанг ва азму иродаи воло хонданд ва афзуданд: “Ҷавонони ироқӣ дар қазияҳои солҳои ахир, қудрати худро нишон доданд ва бо фатвои марҷаъияти муаззами Ироқ тавонистанд тавтеаи бузурги ДОЪИШ ва такфириҳоро хунсо ва аз миллат ва кишварашон дар муқобили тавтеаи ҷаҳонии эҷоди ҷанги дохилӣ, муҳофизат кунанд.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, ду миллати Эрон ва Ироқро, ду миллате тавсиф карданд, ки ҷону дили онҳо ба якдигар муттасил аст ва гуфтанд: “Душманон талоши зиёде барои эҷоди тафриқа миёни ду миллат анҷом доданд аммо ба лутфи илоҳӣ натавонистанд ва аз ин пас ҳам нахоҳанд тавонист, зеро омили аслии пайванддиҳандаи ду миллати Эрон ва Ироқ, имон ба Худованди Мутаол ва муҳаббати Аҳлибайт (а) ва ишқ ба Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) аст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба чиҳил сол тавтеа ва таҳдиду таҳрими Амрико ва дунболаҳо ва муздуронаш бар зидди миллати Эрон, хотирнишон карданд: “Ба рағми ҳамаи ин тавтеаҳо ва ба кӯрии чашми онҳо, Ҷумҳурии Исломии Эрон аз як ниҳоли наҳиф, акнун ба як дарахти тановаре табдил шуда, ки самарот ва меваҳои он рӯзбарӯз дар ҳоли густариш аст.

Эшон дар поён бо ишора ба шиорҳои ҳозирон барои нобудии Амрико ва режими саҳюнистӣ, таъкид карданд: “Бо лутфу фазли илоҳӣ, ин шиорҳо дар ояндае начандон дур муҳаққақ, ва уммати исломӣ бар душманони худ пирӯз хоҳад шуд.”

3 September 2019

Дар моҳи Муҳаррам ва айёми азодории ҳазрати Сайидуш-шуҳадо (а) ва ёрони бовафои эшон, 20 ҷумлаи баргузидаи Валии амри муслимини ҷаҳон мунташир мешавад:

* Дар зиндагии Ҳусайн ибни Алӣ (алайҳис-салом), як нуқтаи барҷаста, мисли қуллае, ки ҳамаи доманаҳоро таҳтуш-шуъоъи худ қарор медиҳад, вуҷуд дорад ва он Ошӯро аст. (1993-01-26)

* Таҳқиқан яке аз муҳимтарин имтиёзоти ҷомеъаи шиъа бар дигар ҷомеъаҳои мусалмон, ин аст, ки ҷомеъаи Шиъа, бархӯрдор аз хотираи Ошӯро аст. (1994-06-07)

* Яке аз бузургтарин неъматҳо, неъмати хотира ва ёди Ҳусайн ибни Алӣ (алайҳис-салом), яъне неъмати маҷлисҳои азо, неъмати муҳаррам ва неъмати Ошӯро барои ҷомеъаи шиъаи мост. (1994-06-07)

* Қадри маҷлисҳои азодориро бидонанд, аз ин маҷлисҳо истифода кунанд ва бо руҳ ва қалби худ ин маҷлисҳоро василае барои эҷоди иртибот ва иттисоли ҳарчи маҳкамтар миёни худашон ва Ҳусайн ибни Алӣ (а), хонадони Паёмбар (с) ва руҳи Ислом ва Қуръон қарор диҳанд. (1994-06-07)

* Дар моҳи муҳаррам, маорифи ҳусайнӣ ва маорифи алавиро, ки ҳамон маорифи қуръонӣ ва исломии асил ва саҳеҳ аст барои мардум баён кунед. (1993-06-16)

* Агар барои зикри мусибат, китоби “Нафсул-маҳмум”-и марҳум Муҳаддиси Қумиро боз кунед ва аз рӯ бихонед, барои шунаванда гиряовар аст ва ҳамон отифаҳои ҷӯшонро ба вуҷуд меоварад. Чи лузуме дорад, ки мо ба хаёли худамон, барои маҷлисороӣ коре кунем, ки асли маҷлиси азо аз фалсафаи воқеъияш дур бимонад?! (1994-06-07)

* Вақте шеърро мехонем, ба фикр бошем, ки аз ин шеъри мо имони мухотабони мо зиёд шавад. Пас, ҳар шеъреро намехонем; ҳаргуна хонданеро интихоб намекунем; ба гунае мехонем, ки лафзу маъно ва оҳанг, маҷмуъан асаргузор бошад. Дар чи? Дар афзоиши имони мухотаб. (2007-07-05)

* Бархе корҳост, ки пардохтан ба онҳо, марудмро ба Худо ва дин наздик мекунад. Яке аз он корҳо, ҳамин азодории суннатӣ аст, ки боиси тақарруби бештари мардум ба дин мешавад. Ин ки Имом фармуданд: “Азодории суннатӣ бикунед” ба хотири ҳамин тақриб аст. Дар маҷлисҳои азодорӣ нишастан, равза хондан, гиря кардан, ба сару сина задан ва мавокиби азо ва дастаҳои азодорӣ ба роҳ андохтан, аз умуре аст, ки авотифи умумиро нисбат ба Хонадони Паёмбар (с), пурҷӯш мекунад ва бисёр хуб аст. (1994-06-07)

* Ман дар ҳақиқат ҳарчи фикр кардам, дидам наметавонам ин матлаб –қамазанӣ-ро, ки қатъан як хилоф ва як бидъат аст, ба иттилоъи мардуми азизамон нарасонам. Ин корро накунанд. Банда розӣ нестам. Агар касе тазоҳур ба ин маъно кунад, ки бихоҳад қама бизанад, ман қалбан аз ӯ норозиам. (1994-06-07)

* Лозим аст аз ҳамаи бародарон ва хоҳароне, ки дар саросари кишвар, дар айёми азодорӣ, бо иқомаи азо ва ба роҳ андохтани маросими азодорӣ, ба хусус бо иқомаи намози ҷамоат дар зуҳри Ошӯро ва бо арзи иродат ба Хонадони Паёмбар (а), ин рӯзҳоро бузург доштанд сипосгузорӣ кунам. (1998-05-08)

* Ҳечвақт набояд уммати исломӣ ва ҷомеъаи исломӣ моҷарои Ошӯроро ба унвони як дарс, ба унвони як ибрат, ба унвони як парчами ҳидоят аз назар дур бидорад. Қатъан Ислом, зиндаи ба Ошӯро ва ба Ҳусайн ибни Алӣ (а) аст. (2012-11-21)

* Агар касоне барои ҳифзи ҷонашон, роҳи Худоро тарк кунанд ва онҷо, ки бояд ҳақ бигӯянд, нагӯянд, чун ҷонашон ба хатар меафтад, ё барои мақомашон ё барои шуғлашон ё барои пулашон ё муҳаббат ба авлод, хонавода ва наздикон ва дӯстонашон, роҳи Худоро раҳо кунанд, он вақт Ҳусайн ибни Алиҳо ба маслахи Карбало хоҳанд рафт ва ба қатлигоҳ кашида хоҳанд шуд.          (1996-06-09)

* Агар фидокории бузурги Ҳусайн ибни Алӣ (алайҳис-салом) намебуд, ки ин фидокорӣ, виҷдони торихро ба куллӣ мутаваҷҷеҳ ва бедор кард дар ҳамон қарни аввал ё нимаи қарни дуввуми ҳиҷрӣ, басоти ислом ба куллӣ барчида мешуд. (1993-06-16)

* Кори Имом Ҳусайн (алайҳиссалоту вассалом) дар Карбало, бо кори ҷадди мутаҳҳараш ҳазрати Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с) дар беъсат, қобили ташбеҳ ва муқоиса аст. Қазия ин аст. Ҳамонтавр, ки Паёмбар дар онҷо, яктана бо як дунё мувоҷеҳ шуд, Имом Ҳусайн ҳам дар моҷарои Карбало, яктана бо як дунё мувоҷеҳ буд. (1996-12-14)

* Ибрат он аст, ки инсон нигоҳ кунад ва бибинад читавр шуд Ҳусайн ибни Алӣ (а) –ҳамон кӯдаке, ки пеши чашми мардум, он ҳама мавриди таҷлили Паёмбар буд ва Паёмбар дар бораи ӯ фармуда буд: “Сарвари ҷавонони биҳишт”- баъд аз гузашти ним қарн аз замони Паёмбар, бо он вазъи фаҷеъ кушта шавад?! (1995-01-05)

* Имом Ҳусайнро фақат ба ҷанги рӯзи Ошӯро набояд шинохт; он як бахш аз ҷиҳоди Имом Ҳусайн (а) аст. Ба табйини ӯ, амри ба маъруфи ӯ, наҳйи аз мункари ӯ, тавзеҳи масоили гуногун дар ҳамон Мино ва Арафот, хитоб ба олимон, хитоб ба нухбагон –ҳазрат баёноти аҷибе дорад, ки дар китобҳо сабту забт аст- баъд ҳам дар роҳ ба самти Карбало, ҳам дар худи арсаи Карбало ва майдони Карбало, бояд шинохт. (2009-07-27)

* Ошӯро паёмҳо ва дарсҳое дорад. Ошӯро дарс медиҳад, ки барои ҳифзи дин, бояд фидокорӣ кард. Дарс медиҳад, ки дар роҳи Қуръон, аз ҳамачиз бояд гузашт. Дарс медиҳад, ки дар майдони набарди ҳаққу ботил, кӯчаку бузург, зану мард, пиру ҷавон, шарифу вазеъ ва имому раъят, бо ҳам дар як саф қарор мегиранд. (1992-07-13)

* Дарси Ошӯро, даси фидокорӣ ва диндорӣ ва шуҷоъат ва мувосот ва дарси қиём барои Худо ва дарси муҳаббат ва ишқ аст. Яке аз дарсҳои Ошӯро, ҳамин инқилоби азим ва кабире аст, ки шумо миллати Эрон пушти сари Ҳусайни замон ва фарзанди Абиабдиллоҳ Ҳусайн (алайҳиссалом) анҷом додед. Худи ин, яке аз дарсҳои Ошӯро буд. (1998-05-08)

* Имоми бузургавори мо, Муҳаррамро ба унвони моҳе, ки дар он, хун бар шамшер пирӯз мешавад, матраҳ намуд ва ба баракати Муҳаррам, бо ҳамин таҳлилу мантиқ, хунро бар шамшер пирӯз кард. Ин, як намуна аз ҷилваҳои неъмати моҳи муҳаррам ва маҷлисҳои зикру ёди Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) аст, ки шумо дидед. (1994-06-07)

* Дарси Ҳусайн ибни Алӣ (алайҳиссалом) ба уммати исломӣ ин аст, ки барои ҳақ, барои адл, барои иқомати адл, барои муқобилаи бо зулм, бояд ҳамеша омода буд ва бояд мавҷудии худро ба майдон овард; дар он сатҳ ва дар он миқёс, кори ману шумо нест; аммо дар сатҳҳое, ки бо вазъияти мо, бо хулқиёти мо, бо одатҳои мо мутаносиб бошад чаро; бояд ёд бигирем. (2013-06-12)

* Парвардигоро! Туро ба Ҳусайну Зайнаб (алайҳимо салом) қасам медиҳем, ки моро ҷузви дӯстон ва ёрон ва дунболаравони онон қаррр бидеҳ.

* Парвардигоро! Ҳаёту зиндагии моро зиндагии ҳусайнӣ ва марги моро марги ҳусайнӣ қарор бидеҳ.

* Парвардигоро! Имоми бузургавори моро, ки ба ин роҳ ҳидоятамон кард, бо шаҳидони Карбало маҳшур кун. Шаҳидони азизи моро бо шаҳидони Карбало маҳшур кун. (1995-06-09)

26 February 2019

Дар солрӯзи вилодати босаодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с), фазои ҳусайнияи Имом Хумайнӣ (р) муаттар ба атри фазоил ва маноқиби он бонӯи бузурги ислом буд ва ҷамъе аз зокирони Аҳлибайт (а) дар ҳузури Валии амри мусалмонони ҷаҳон ба мадиҳасуроӣ пардохтанд.

Дар ин маросим, Оятуллоҳ Хоманаӣ дар суханоне зимни табрики солрӯзи милоди ҳазрати Фотимаи Заҳро (с), зокирон ва мадиҳасуроёни ҳусайниро сармоя ва захирае барои пешбурди аҳдофи ислом ва инқилоб хонданд ва бо таъкид бар ин ки аз ин сармоя бояд дар ҷиҳати аҳдофи ҳусайнӣ ва фотимӣ ва табйини маорифи инқилоб истифода шавад, гуфтанд: “Имрӯз сафбандии ҷабҳаи ҳаққу ботил ҳамон сафбандиҳои даврони паёмбарони бузурги илоҳӣ ва даврони имомони атҳор (а) аст ва ҳамонгуна, ки дар он замон ҷабҳаи ботил ба рағми касрати нафарот ва таҷҳизот нобуд шуд, имрӯз ҳам ҳамон сарнавишт дар интизори ҷабҳаи муқобили Инқилоби Исломӣ аст ва набояд аз душман тарсид ва дучори иштибоҳи муҳосиба шуд.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба таъсиргузории болои мазомини шеърҳои мадиҳасароён, афзуданд: “Ин мазомин бояд қуръонӣ ва исломӣ ва ҳамроҳ бо андешаи амиқ ва диди рӯшан аз шеваҳои ҳунарӣ дар ҷиҳати аҳдофи инқилоби исломӣ ба кор гирифта шаванд, ки дар ин сурат, таъсири зиёде дар ҳаракати азими миллати Эрон ва ҳатто ҳаракати уммати исломӣ хоҳанд дошт.”

Эшон бо таъкид бару лузуми истифода аз фурсати муҳаёшудаи кунанӣ барои тарвиҷи маорифи дин ва инқилоб хотирнишон карданд: “Имрӯз ҳама масъул ҳастем ва вазифаи зокирон ва мадиҳасароён, савқ додани мардум ба самти аҳдофи инқилоб яъне шаклгирии ҷомеъае мӯъмин, солиму амн, ҳамроҳ бо рифоҳи моддӣ ва шавкати байналмилалӣ ва баҳҷати маънавӣ аст.”

Раҳбари Инқилоби Исломӣ бо ёдоварии сафороии душманони дини илоҳӣ дар муқобили паёмбарони бузурги илоҳӣ ва имомони маъсумин (а), афзуданд: “Имрӯз ҳам сафороӣ ҳамон сафбандӣ аст ва ҳамон сарнавишти нобудӣ дар интизори ҷабҳаи ботил аст аммо шарти он, таваккул ба Худованди Мутаол ва натарсидан аз душман аст то иштибоҳи муҳосиботӣ рух надиҳад.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ мисдоқи айнии ин мавзӯъро даврони 40 солаи инқилоб донистанд ва гуфтанд: “Дар ин 40 сол, душманон бо ҳамаи тавон ва имконот дар муқобили Инқилоби Исломӣ сафороӣ ва заработеро ҳам ворид карданд аммо миллати Эрон бо таваккул бар Худо ва анҷоми вазифа тавонист бар ин тавтеъаҳо фоиқ биёяд ва акнун қавитар аз ҳар даврае шуда вале ҷабҳаи душман заъифтар аз давраҳои гузаштааст.”

Раҳбари Инқилоби Исломӣ дар идомаи суханони худ бо ишора ба аҳаммият ва ҷойгоҳи мавзӯъи хонавода, хотирнишон карданд: “Низоми хонавода, суннати илоҳӣ аст аммо душманони башарият, ки ҳамон ҷараёни сармоядории байналмилалӣ ва саҳюнистӣ аст тасмим бар нобудии бунёни хонавода дар ҷаҳон гирифтаанд, бинобар ин бояд барои ҳифзу тақвияти аркони низоми хонавода дар ҷомеъа, ҳиммат гумошта шавад.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, издивоҷҳои дерҳангом ва сахт, фарзандоварии кам ва тарвиҷи падидаҳои зиште ҳамчун издивоҷҳои сафедро, ки сиёҳтарин издивоҷ аст, ба ҳамроҳи талош барои аз байн бурдани ҳаё ва иффат аз маворид ва заминаҳои дар хатар қарор гирифтани низоми хонавода баршумурданд ва таъкид карданд: “Эҷоди замина барои таҳорат ва покизагии ҷавон, муассиртарин роҳкор ҷиҳати муқобила бо тавтеъаҳо ва ҳифзи инқилоб ва низоми Ҷумҳурии Исломӣ аст.”

5 December 2018

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар паём ба 27-умин иҷлоси саросарии Намоз, ин иҷлоси солонаро нишонаи ҳақгузорӣ дар баробари фаризаи намоз хонданд ва дар бораи аҳаммияти намоз афзуданд: “Намоз онҷо, ки бо хушӯъ ва ҳузур гузорда шавад, ҷомеъаро ба салоҳ ва садод дар забону амал мекашонад ва эътило мебахшад.”

Матни паёми Раҳбари Инқилоби Исломӣ ба ин иҷлос, ки субҳи имрӯз (чаҳоршанбе 5.12.2018) дар устони Симнон баргузор шуд ва Оятуллоҳ Шоҳчироғӣ намояндаи валии фақеҳ дар Симнон, онро қироат кард ва ба шарҳи зер аст:

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

Иҷлоси солонаи намоз аз сӯе нишонаи ҳақгузорӣ дар баробари фаризае аст, ки метавонад бар ҳамаи аъмол ва фароизи дигар, руҳ бидамад ва онҳоро коромад кунад:

إن قُبِلَت قُبِلَ ماسِواها

Ва аз сӯи дигар хидмати бузурге аст ба онон, ки ҳаққи ин ҳадияи илоҳиро надониста ва дар он саҳлангорӣ мекунанд.

Намоз онгоҳ, ки бо хушӯъ ва ҳузур гузорда шавад ҷомеъаро ба салоҳу садод дар забону амал мекашонад ва эътило мебахшад.

Бахши муҳимме аз гирифториҳо ва олӯдагиҳои мо бар асари напардохтан ба ин ҳақиқати ҳушдордиҳандааст. Аз ин рӯ, тарвиҷи намоз бо ҳамаи шеваҳои асаргузор, дар шумори вазоифи бузурге аст, ки ҳама бояд бадон эҳтимом варзем ва шумо дастандаркорони ин иҷлос ба вижа олими муҷоҳид ҷаноби оқои Қироатӣ ба ҳамдиллоҳ дар ин роҳ аз тавфиқи илоҳӣ баҳраманд шудаед.

Омӯзишу парвариш метавонад дар ин арса аз асаргузортаринҳо бошад.

Мактабҳоро музайян кунед ба намозхонии навҷавонон; ин бартарин тазмин барои саломатии ояндаи ҷомеъа аст.

 

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ

Сайидалии Хоманаӣ

05.12.2018

4 December 2018

Ислом ба мо омӯхтааст, ки:

لیس منّا من ترک دنیاه لأخرته و لا ءاخرته لدنیاه

Тарҷума: “Аз мо нест касе, ки дунёяшро барои охираташ ва охираташро барои дунёяш тарк кунад.”

Дунёро барои охират набояд тарк кард, ҳамчунон, ки охиратро набояд фидои дунё кард. Дар ривояте мефармояд:

اعمل لدنیاک کأنّک تعیش ابدا

Яъне барномарезии дунёро фақат барои чандрӯзаи зиндагии худат накун; барои 50 сол барномарезӣ кун. Инро масъулони кишвар, масъулони барномаҳои умумии мардумӣ бояд мавриди таваҷҷӯҳашон қарор бидиҳанд. Нагӯем мо, ки маълум нест панҷоҳ соли дигар зинда бошем, чаро барномарезӣ кунем. На, тавре барномарезӣ кун, ки гӯӣ биност то охири дунё зинда бошӣ; ҳамчунон, ки агар барои худат ва ба нафъи худ бихоҳӣ барномарезӣ кунӣ, бо чи ҷиддият ва диққате мекунӣ, барои наслҳои оянда ҳам, ки ту дар он вақт нестӣ, ҳамонтавр барномарезӣ кун;

اعمل لدنیاک کأنّک تعیش ابدا

Нуқтаи муқобил ҳам:

و اعمل لأخرتک کأنّک تموت غدا

Барои охиратат ҳам тавре амал кун, мисли ин ки фардо биност аз ин дунё биравӣ. Яъне ҳам барои дунё санги тамом бигузор, ҳам барои охират санги тамом бигузор.

Баёноти Оятуллоҳ Хоманаӣ дар иҷтимоъи мардуми Буҷнурд (10.10.2012)

 

KHAMENEITJ.INFO

28 November 2018

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар рӯзи душанбе (19-уми ноябри 2018) дар ибтидои ҷаласаи дарси хориҷи фиқҳ, ба баёни ҳадисе аз ҳазрати Расули Акрам (с) дар бораи вижагиҳои “Наздиктарин афрод ба Паёмбар дар рӯзи қиёмат” пардохтанд.

عن جعفر ‌بن ‌محمّد علیهما ‌السّلام عن ابیه عن جدّه علیهم ‌السّلام قال قالَ رَسولُ‌ اللّهِ صَلَّی‌ اللّهُ ‌عَلَیهِ وَ ‌آلِهِ: اَقرَبُکُم غَداً مِنّی فِی المَوقِفِ اَصدَقُکُم‌ لِلحَدِیثِ وَ آداکُم لِلاَمانَةِ وَ اَوفاکُم بِالعَهدِ وَ اَحسَنُکُم خُلُقاً وَ اَقرَبُکُم مِنَ النّاسِ.[1]

 

اَقرَبُکُم غَداً مِنّی فِی المَوقِفِ اَصدَقُکُم‌ لِلحَدِیث

Дар мавқефи қиёмат ҳамаи сахтиҳо ва ваҳшатҳо ва тарсҳо ва аҳволи гуногун барои инсон вуҷуд дорад, ва фарқе ҳам нест байни мӯъмин ва ғайри мӯъмин:

یَومَ یَفِرُّ المَرءُ مِن اَخیـهِ * وَ اُمِّه؛ وَاَبیهِ * وَ صاحِبَتِه؛ وَ بَنیهِ ‌‌* لِکُلِّ امرِئٍ مِنهُم یَومَئِذٍ شَأنٌ یُغنیه

Як чунин рӯзе аст рӯзи қиёмат, ки дар оёти каримаи Қуръон, ба хусус дар сураҳои авохири Қуръон хеле зиёд ба аҳвол ва тарсу изтиробҳо дар қиёмат пардохта шуда. Хуб дар як чунин маъракаи сахте, ки аҳаммият ва сахтии он мавқеф аслан барои мо қобили тасаввур нест, инсон дунболи як марҷаъи амне мегардад; як ҷое, ки ба он паноҳ бибарад, ба он такя ткунад, дар зери сояи он бошад. Он касе ва он ҷойгоҳе, ки аз ҳамаи ашхос ва ҷойгоҳҳо дар қиёмат амнияти бештаре ба инсон медиҳад, ҷойгоҳи Паёмбари Акрам (с) аст. Агар касе битавонад худашро наздики он бузургавор бирасонад, итминони хотир пайдо мекунад, эҳсоси як амнияте мекунад; мисли дунё дигар; вазъи дунёро мулоҳиза кунед: агар чунончи дар ҷое, ки сахтӣ ҳаст, мушкил ҳаст, таҳоҷум ҳаст, дуздӣ ҳаст, разолат ҳаст, як нафар инсоне, ки онҷо дар маърази ҳамаи инҳо қарор гирифта, бихоҳад худашро амният бидиҳад, як касеро пайдо мекунад, як шахсиятеро пайдо мекунад, ки қавӣ бошад, мустаҳкам бошад ва фавран меравад наздики ӯ меистад. Дар қиёмат ҳар касе битавонад наздики Набии Мукаррами Ислом қарор бигирад, дигар онҷо як эҳсоси амнияте дорад. Хуб, чи касе метавонад биравад он наздик? Халоиқ, ҷинну инс аз аввалину охирин, ки дар онҷо (қиёмат) ҷамъанд, ҳама майл доранд, ки худашонро бирасонанд ба ин бузургавор; мебинанд мақом ва мартибаи ӯро, мебинанд мақоме дорад, ки аввалинҳо ва охиринҳо ба вай ғибта мехӯранд, онро мебинанд ва мехоҳанд, (аммо) метавонанд? На, ҳама наметавонанд. Ин ривоят мегӯяд василае, ки шумо битавонед бо он, худатонро наздики Пайғамбар (с) бикунед, чист; онро доранд ба мо ёд медиҳанд.

Инҷо сарои амал аст, онҷо сарои натиҷа аст. Инҷо як корҳоеро ба мо ёд додаанд, гуфтаанд ин корҳоро анҷом бидиҳед, ки агар ин корҳоро инҷо дар ин давраи кӯтоҳ -кӯтоҳ аст дигар, ин дунё як лаҳзаи умри абадӣ аст, як лаҳза аст; навад сол, сад сол агар касе умр кунад як лаҳза аст дар муқобили он умри абадии олами охират- анҷом додем, агар дар ин як лаҳза инсон ин чизҳоро риоят бикунад, дар онҷои душвор даркораш мешавад. Ҳоло инҳо чист? Чанд мавридро зикр кардаанд. Худи Ҳазрат фармуданд: Наздиктарини шумо ба ман, дар қиёмат, аввал ин фард аст: Он касе, ки ростгӯтар аст, дар ҳарф задан ростгӯ аст. Ончи мегӯяд аз рӯи сидқ баён мекунад; дурӯғу тӯҳмат ва шойеъа ва ҳарфи заъиф ва қавли бидуни илм ва монанди инҳо дар он нест. “Сидқ” яъне интибоқи бо воқеъ, ончиро воқеъ аст –ки ӯ медонад воқеъ аст- баён мекунад.

 

وَ آداکُم لِلاَمانَة

Он касе, ки бештар аз ҳама адоъи амонат мекунад; ки мукаррар арз кардаем, ки амонат фақат ин нест, ки ҳоло як пуле шумо дасти банда биспуред, банда онро ба шумо баргардонам; ин яке аз анвоъи амонат аст. Ҳамаи он чизҳое, ки мардум ба мо месупуранд, амонатҳои марудм аст; мақомро ба мо месупуранд, амниятро ба мо месупуранд, динашонро ба мо месупуранд, ҳифзи номусҳояшонро ба мо месупуранд; ҳамаи ин чизҳо амонатҳои мардум дасти мо аст. Мо ҳукуматем дигар; ҳар касе ҳарҷо ҳаст; яке мисли банда дар як ҷойгоҳе қарор дорад, яке дар ҷойгоҳи дигаре қарор дорад, яке қозӣ аст, яке масъули таълиму тарбият аст, яке имоми ҷамоат аст; ҳамаи инҳо амонатҳое аст, ки дасти мо супурдааст; адои амонат. Ҳар кадом беҳтар адои амонат кардед, онҷо ҷоятон ба ҳазрат наздиктар аст ва амниятатон бештар аст.

 

وَ اَوفَاکُم بِالعَهد

(Дар мавриди) паймонҳои фардӣ ва иҷтимоъӣ, вафои ба ин аҳдҳо бикунед; ки албатта муҳимтаринаш паймонҳои иҷтимоъӣ аст; ин қарордодҳои иҷтимоъӣ, ин ҳуқуқи шаҳрвандӣ (аст). Хуб ин чизҳое, ки ҳоло имрӯз хориҷиҳо ёд гирифтаанд мегӯянд “ҳуқуқи шаҳрвандӣ”, моҳо ҳам аз инҳо мехоҳем ёд бигирем! Ҳарфҳое, ки дар ривоёти мо ва дар Қуръони мо ҳаст, ҳоло мо дорем аз ғарбиҳо инҳоро (ёд мегирем)! Хуб инҷо дорад мегӯяд “ба паймонҳо ва аҳдҳояш пойбандтар бошад”; “аҳд” яъне қарордод, он чизе, ки байни шумо ва байни дигарон қарордод баста (шуда). Шумо вақте дар як муҳит бо ҳам зиндагӣ мекунед, як қарордоде бо ҳам бастаед дигар; мисли ин аст, ки дар як опортумоне даҳ хонавода зиндагӣ мекунанд; инҳо ва лав ҳеч коғазе имзо накардаанд, (аммо) як муоҳидоте дар муқобили ҳам доранд; ин чиз қаҳрӣ аст дигар; масалан ту сару садо накун, ки дар хонаи ӯ баччааш аз хоб бедор нашавад, ӯ ҳам сару садо накунад, ки баччаи ту аз хоб бедор нашавад; ин қарордоди рӯшане аст дигар; ҳуқуқи шаҳрвандӣ яъне инҳо.

 

وَ اَحسَنُکُم خُلُقاً

Яке аз чизҳо ҳам ин аст, ки хушахлоқ бошед; бадахлоқ ва абус будан ва ин ки дар хона якхел, дар маҳалли кор якхел, бо мардум якхел, бо такаббур, бо каҷрафторӣ, хеле бад аст. Он касоне, ки “хушахлоқтар” ҳастанд, онҷо (қиёмат) наздиктаранд.

 

وَ اَقرَبُکُم مِنَ النّاس

Мардумӣ будан. Бибинед, сабки зиндагии исломӣ инҳо аст. Боз ҳамин “мардумӣ будан” ҳам аз ҳарфзое аст, ки ҳоло мутаҷаддидин ва монанди инҳо фикр мекунанд, ки дигарон ёд гирифтаанд; на, инҳо дар ривоёти мо аст. Марудмӣ бошед, бо мардум бошед. Маънои бо мардум будан ин нест, ки фарз кунед инсон ба чаҳор нафар аз табақаи мумтоза (афроди сарватманд ва...) бигӯяд инҳо мардуманд; на, яъне тӯдаи мардум, табақоти поини мардум, оммаи мардум; бо инҳо бошед, мисли онҳо зиндагӣ кунед, дар ҳадди онҳо зиндагӣ кунед, пеши онҳо тавозӯъ кунед; инҳо маънои мардумӣ будан аст.

 

KHAMENEITJ.INFO

 


[1] Амолии Тӯсӣ, маҷлиси ҳаштум, с 229. Тарҷума: “Имом Содиқ (а) аз падараш аз Паёмбари Акрам (с) нақл мекунад, ки Паёмбар фармуд: Наздиктарини шумо ба ман дар қиёмат, он касе аст, ки ростгӯтар бошад, он касе, ки бештар аз ҳама адои амонат мекунад, ба паймонҳо ва аҳдҳояш пойбандтар бошад, ва хушахлоқтар бошад ва мардумитар бошад.”

25 April 2018

Яке аз балоҳои мо тадриҷ аст, яъне мо кам кам (оҳиста оҳиста) гирифтори як ҳолате мешавем [аммо] намефаҳмем, пирии худмонро намефҳмем; Оҳиста оҳиста аст. Касеро, ки шумо бист сол аст, бисту панҷ сол аст надидаед, ҳоло мебинед, пирии ӯро мефҳмед, аммо пирии худатонро, ки тадриҷӣ (оҳиста оҳиста) аст ва пирии он дӯсти ҳамроҳатонро, ки доим бо ҳам ҳастед, намефаҳмед, ҳис намекунед, чун тадриҷӣ (ором ором) аст. Мо суқути (афтодан аз хубии) худамон, ақибгардии худмонро, ки тадриҷӣ (оҳиста оҳиста )аст, дуруст намефҳмем, хеле бояд диққат кунем.

Ин хело муҳимм аст. Албатта як роҳе ҳам дорад, яъне бо вуҷуди инки тадриҷ (ором ором) бар аъмол мо ва ҳолатҳои (қалбии) мо ҳоким аст ва ин монеъ мешавад (мепӯшонад) ки мартаба ва мавқеият худмонро дуруст бифаҳмем, локин роҳ дорад, меъёр дорад; Роҳаш ин аст, ки ба амалҳои худмон нигоҳ кунем. Масалан фарз кунед шумо нигоҳ кунед бубинед, ки қаблҳо -масалан бист сол пеш, понздаҳ сол пеш- ду ракъат намози суннатро ҳеҷвақт тарк намекардед; (аммо) Ҳозир ҳамон ду ракъатро намехонед, ҳамаи намозҳои суннатро намегӯям, [балки] ҳамин ду ракъат кам ва кӯтоҳро мегӯям, (агар ҳаминро ҳозир намехонед) бифаҳмед, ки ақиб рафтаед (дар ибодат ором ором суст шудаед).

Агар дидед, ки як амали хайреро дар чанд сол пеш анҷом медодед, ҳоло, ки солҳо гузаштааст, онро анҷом намедиҳед ё дилатон намехоҳад ё аслан фаромӯш кардаед, (мисол) як дуои буд, ки он вақт мехондед, ҳоло аслан ёдатон нест, ё як амал хилофи буд, як ҳароми буд, ки он вақт анҷом намедодед, ҳоло анҷом медиҳед роҳат ва бе хавотирӣ, бифҳмед, ки ақиб рафтаед (пешрафт накардед); Аломаташ ин аст. Амалҳои худамонро метавонем бифаҳмем, метавонем мушоҳида кунем; Ҳолатҳо ва вазъияти дили худамонро осон нест, ки бифаҳмем, одат кардаем ба он аммо амалро роҳат метавонед (бифаҳмед); (роҳи фаҳмидан инки) Нигоҳ кунед бубинед. Инки устодони ахлоқ ҳамеша моҳоро тавсия мекунанд ба инки муроқибат (мушоҳида кардани рафтору кирдори худ) дошта бошед – яке аз корҳои асоси муроқиба (ҳамеша дидани рафтору кирдори худ) аст - муроқиба барои ҳамин аст; Муроқиб худмон бошем (худро зери назар дошта бошем).

KHAMENEITJ.INFO

23 April 2018

Мо инро имтиҳон кардаем: дар муқобили душман, «ақибнишинӣ»

Пурбоздидтаринҳо

All rights reserved This website is owned 2017