this is a title for here

Гуногун
22 March 2022

Имом Хоманаӣ бо судури паёме реҳлати ҳуҷатулислом вал муслимин Муҳаммадии Райшаҳриро таслият гуфтанд.


Оятуллоҳ Хоманаӣ Валии амри мусалмонони ҷаҳон, реҳлати ҳуҷатулислом вал муслимин Муҳаммадии Райшаҳриро таслият гуфтанд.

Эшон дар паёми худ таъкид карданд: “Барои касоне, ки аз тақво ва саломати нафс ва муҷоҳидати мустамари ин руҳонии инқилобӣ бохабаранд, фиқдони вай талху андуҳбор аст.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин паём хотирнишон карданд: “Танаввӯъи арсаҳои муҷоҳидати ин олими раббонӣ, илмӣ, ахлоқӣ, инқилобӣ, сиёсӣ, идорӣ, ки ҳама бо ихлос ва сафо ҳамроҳ буд аз ӯ шахсияти камназир падид оварда буд.”

Эшон дар паёми худ афзуданд: “Инҷониб дар тӯли даҳҳо соли ошноӣ ҳамвора салоҳ ва парҳезкориро дар ишон мушоҳида кардам ва умедворам ин захираи арзишманд сабаби раҳмат ва мағфират ва улувви дараҷоти вай шавад.”

Муҳаммади Райшаҳрӣ намояндаи Теҳрон дар давраи панҷуми Маҷлиси хубрагони раҳбари ва тавлияти остони ҳазрати Абдулазим Ҳасанӣ(а) дар охирин лаҳазоти душанбешаб якуми фарвардинмоҳи соли 1401 дар сини 75 солагӣ, дар бемористони Хотамуланбиё(с)-и Теҳрон ба лиқоуллоҳ пайваст.

Марҳум Райшаҳрӣ дар солҳои инқилоб дар саффи аввали муборизот қарор дошт ва пас аз инқилоб ҳам дар масъулиятҳое чун узвият дар Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ, ҳузур дар Вазорати итилоъот ба унвони вазир, Додситони кулли Эрон, намояндаи валии фақиҳ дар беъсаи Раҳбари муаззамин инқилоби исломӣ ва тавлияти остони ҳазрати Абдулазим Ҳасанӣ(а) хидмат кард.

20 March 2022

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари инқилоби исломӣ дар паёме ба муносибати оғози соли 1401, соли ҷадидро соли «Тавлид; донишбунён, иштиғолофарин» номгузорӣ карданд.


Раҳбари инқилоби исломӣ дар паёме ба муносибати оғози соли 1401, соли ҷадидро соли «Тавлид; донишбунён, иштиғолофарин» номгузорӣ карданд.

Матни паёми Раҳбари инқилоби исломӣ ба шарҳи зер аст:

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим Алҳамдуллоҳи Рабилоламин ва Саллаллоҳу ало Муҳаммадин ва ало Оли тоҳирин, сийямо Бақиятиллоҳи фил арзин

Ё Муқаллибал қулуби вал абсор, ё Мудаббирал лайли ван-наҳор, ё Муҳаввилал ҳавли вал-аҳвол,ҳаввил ҳолано ило аҳсанил ҳол!

Табрик арз мекунам иди Наврӯз ва оғози Соли нав ва табиати нав ва рӯзи наву рӯзгори навро, ки имсол мусодиф аст бо айёми нимаи Шаъбон, ки мутаъаллиқ аст ба хуршеди фурӯзони олами вуҷуд, ҳазрати Бақиятиллоҳ (арвоҳуно фидо).

Табрик арз мекунам ба миллати бузурги Эрон ва ба ҳамаи миллатҳои ҳамдилу ҳамсон. Ба таври хос табрик арз мекунам ба хонаводаҳои муаззами шаҳидон, хонадонҳои сабуру арзишманд, ки иншоаллоҳ Худованд сояи ин хонаводаҳои муаззамро аз сари миллати Эрон, аз сари мо кӯтоҳ накунад ва ҳамчунин ба ҷонбозони азизу хонаводаҳои богузашту сабури онҳо ва ҳамчунин ба исоргарону хидматгузорони самимии миллати Эрон дар майдонҳои мухталиф; чӣ дар майдони саломат, чӣ дар майдони амният, чӣ дар майдони муқовимат, чӣ дар майдони илм; ва ба ҳамаи ин азизон табрик арз мекунам, ин рӯзи ширину Иди муборакро.

Соли дигаре ҳам гузашт . Соли 1400 ҳам ба поён расид; бо ҳамаи шириниҳову талхиҳо ва фарозҳову фурӯдҳо, ки дар зиндагӣ табиӣ аст. Зиндагӣ маҷмӯъае аз ҳамин фарозу фурӯдҳо ва шириниҳову талхиҳост. Ишора кунам ба чанд авҷ аз ҳаводиси миллати Эрон, чанд фароз, чанд ширинии бузург, ки яке аз онҳо масаълаи интихобот буд. Интихоботи ҳақиқатан муҳим буд, бузург буд. Дар айни шиддати бемории ҳамагири корона дар авоили соли 1400 мардум омаданд пои сандӯқҳои раъй ва раъй доданд. Хеле муҳим аст. Дар ҳоле ки иҷтимои ду нафар дар як нуқта хатарнок буд. Он рӯзҳое ,ки мо садҳо нафар дар рӯз талафот доштем; шояд панҷсад, шашсад ва шояд ҳам бештар. Дар як чунин шароите интихобот баргузор шуд. Мардум омаданд ширкат карданд ва хуб давлати тозанафас ба майдон омад, ки он тавре ки қароин нишон медиҳад давлати мардумӣ ва алоқаманд ба ҳаракатҳо ва ҳадафҳои мардумӣ ва дорои ҳатти ҷудогонае ғайр аз давлати муҳтарами қаблӣ, дар ҳоли ҳаракат ҳастанд ва умедҳоеро дар мардум зинда кардаанд, Биҳамдулиллоҳ.

Ин яке аз фарозҳо ва авҷҳои ҳаводиси миллати Эрон буд. Як мавриди дигар муқобилаи ҷиддӣ бо бемории ҳамагири корона буд, ки ба маънои воқеии калима мубориза шуд, муқобила шуд. Талафоти ин бемории хатарнок аз рӯзе чандсадтоӣ расид дар як бурҳае ба рӯзе бист то, ҳаждаҳ то масалан; ба инҷоҳо расид . Агарчӣ боз як миқдоре боло рафта, аммо тафовути байни ин вазъияте ки хуб биҳамдулиллоҳ воксан дар ихтиёри ҳама қарор гирифт бо он вазъияти он рӯз тафовути зиёде аст. Як авҷи дигар пешрафти илму фанноварӣ буд. Тавлиди чанд навъи воксан дар кишвар, ки баъзе мавриди таъйиди ҷаҳонӣ ҳам қарор гирифт ва ҳаракатҳои мухталифи илмӣ ва фаннӣ аз воксан бигиред то моҳвора; дар ҳамаи ҷиҳот биҳамдулиллоҳ кишвар корҳои муҳимме дошт. Инҳо авҷҳои бузурги соли 1400 буд.

Дар дохили кишвар ҳаводиси гӯногӯни дигаре ҳам буд . Шириниҳои дигаре ҳам буд . Дар арсаи ҷаҳонӣ ҳам ҳамин тавр. Яке аз муҳимтарин ҳаводиси ширини соли 1400 ин буд, ки амрикоиҳо дар ҳамин авохир албатта омаданд эътироф карданд ба забон худашон гуфтанд, ки мо дар фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи Эрон шикасти хиффатбор(шармандавор) хӯрдем. Таъбири «хиффатбор»-таъбири худи амрикоиҳост. Ҳодисаи муҳимме аст. Миллати Эрон пирӯз шуд. Миллати Эрони тавфиқ пайдо кард.

Ҳеҷ кас наметавонад инро ба худаш нисбат бидиҳад. Истодагии миллати Эрон ба як чунин пирӯзии бузурге расид. Ҳаводиси мутаъаддиди дигаре ҳам рух дод ; чӣ дар наздикии мо, чӣ дар дурдастҳо ки ҳама собит кард дурустии роҳи миллати Эрон дар муқобили истикборро. Нишон дод ки роҳи дуруст ҳамин роҳе аст, ки миллати Эрон дар муқобили истикбор дорад ҳаракат мекунад. Хуб инҳо шириниҳо буд. Талхиҳое ҳам доштем, ки аз байни ҳамаи талхиҳо онеро, ки аз ҳама ба назари ман сахттар ва муҳимтар аст арз мекунам ва он тангии маишати мардум; масъалаи гарониҳову таваррум ва ин чизҳо буд, ки хуб бояд ҳатман илоҷе бишавад. [Инҳо] чизҳои илоҷпазире аст, мушкилоти иқтисодӣ аст, ки мо имсол умедворем бахше аз инҳо бартараф бишавад, чун ҳамаи инҳо дафъатан бартараф намешавад, ба тадриҷ бартараф хоҳад шуд. Ин ки одам аҷала кунад бигӯяд на хайр ба ҳамин зудӣ, воқеъбинона нест.

Локин иншоаллоҳ умедворем баъзе аз инҳо дар тӯли 1401, ки соли аввали қарн ҳам ҳаст, қарни понздаҳуми ҳиҷрии шамсӣ иншоаллоҳ бартараф бишавад. Мо дар солҳои гузашта ҳар сол як унвонеро бо номи шиори сол матраҳ кардем барои инки масъулин умдатан қувваи муҷрия ва дар ҳошияи он қувваи муқаннана ва қувваи қазоия ва ҳамчунин оҳоди мардум он ҷое, ки ба мардум иртиботи мустақим пайдо мекунад дар ин ҷиҳат ҳаракат бикунанд .

Дар баъзе аз солҳо тавфиқоти хубе ҳам дар ин замина ба даст омада. Баъзе ҷоҳо ҳам албата дар баъзе солҳо камкориҳое вуҷуд дошта, ки дар соли 1400 мо масъалаи тавлид, монеъзудоиҳо ва пуштибониҳоро матраҳ кардем. Корҳои хубе ҳам нисбатан анҷом гирифта, ки боз ҳам идома дорад ва боистӣ идома пайдо кунад.

Дар ин чандсола банда барои шиори сол «тавлид»-ро умдатан меҳвар қарор додам бо як қайде, бо як хусусияте. Иллат ҳам ин аст, ки тавлид калиди ҳалли мушкилоти иқтисодии кишвар аст. Тавлиди миллӣ дар воқеъ роҳи аслии гузар аз сахтиҳову душвориҳои иқтисодӣ барои кишвар аст. Яъне муҳимтарин масоили иқтисодии кишварро масъалаи тавлид, ривоҷи тавлиди миллӣ ва равнақи тавлиди миллӣ ҳал мекунад. Табиати тавлид ин аст. Ин аст ки мо рӯйи тавлид такя кардем; яъне рушди иқтисодиро афзоиш медиҳад, иштиғол(касбу кор) эҷод мекунад, таваррумро коҳиш медиҳад, даромади саронаро афзоиш медиҳад, рифоҳи умумӣ эҷод мекунад.

Илова бар ин дорои таъсироти равонӣ аст; эътимод ба нафаси миллиро боло мебарад, эҳсоси иззатмандиро дар миллат ба вуҷуд меоварад. Тавлид як чунин иксире аст. Як чунин ҳодисаи муҳимме аст-тавлиди миллӣ, ، агар иншоаллоҳ ба беҳтарин ваҷҳ пеш баравад; аз ин рӯ мо дар ин чанд сол рӯйи масаълаи тавлид такя кардем. Бетаъсир ҳам набуд, биҳамдулиллоҳ таъсироти хубе ҳам дошт.

Имсол ҳам ман тавлидро мехоҳам матраҳ кунам. Мунтаҳо як лояи ҷадид, як чеҳраи ҷадид аз тавлидро мехоҳам матраҳ кунам ва он иборат аст аз тавлиде ки дорои ду хусусият бошад: яке инки иштиғолофарин бошад, яке инки донишбунён бошад. Тавлиди донишбунён-муттакӣ ба дониш, дониши ҷадиду пешрафтҳои илмӣ ва тавлиде ки иштиғолофарин бошад.

Албата ҳамаи тавлидҳо иштиғолофарин аст; мунтаҳо баъзе аз тавлидҳо бо инки сармоягузориаш анбуҳ аст, иштиғолофариниаш ончунон нест,локин баъзе на-иштиғолофарин аст, ки ҳоло ман иншоаллоҳ тавзеҳи инҳоро дар суханронии фардо то ҳудуде арз хоҳам кард. Агар чунончи мо тавлиди донишбунёнро меъёр қарор бидиҳем ва ба дунболи тавлиде биравем ки донишбунён бошад бо хусусиёте, ки арз хоҳам кард иншоаллоҳ дар суханронии рӯзи аввали сол ба назарам мерасад, ки мо дар ҳамаи ин ҳадафҳои иқтисодиамон як такони хуб, як ҳаракати рӯ ба пеши маҳсусе иншоаллоҳ хоҳем дошт. Масаълаи иштиғолофаринӣ ҳам ҳамин тавр; бинобарин имсол мо шиорамон иборат шуд аз ин: «Тавлид; донишбунён, иштиғолофарин». Ин тавлид аст .

Албата ман дархости муаккад дорам, соли гузашта ҳам инро гуфтам, ки иктифо накунанд дӯстон ба инки ҳоло рӯйи коғазҳои сарбаргҳои дастгоҳҳои гӯногӯн бинависанд ин иборатро ё масалан фарз кунед ки як тоблу дуруст кунанд дар хиёбон масалан бизананд; инҳо кор нест . Умда инаст ки ба маънои воқеии калима рӯйи ин сиёсатгузорӣ бишавад. Албата ин давлат бо вазъе ки ман мушоҳида мекунам, бо таҳарруке ки раиси ҷумҳӯри муҳтараму ҳамкорони эшон доранд,иншоаллоҳ пешрафт хоҳад кард. Яъне ин шиор рӯйи замин нахоҳад монд ба тавфиқи Илоҳӣ. Локин ҳарчӣ бештар кор бишавад, бештар талош бишавад,беҳтар хоҳад буд.

Умедворем иншоаллоҳ, ки Худои мутаъол барои миллати азизи Эрон дар ин сол, дар ин ид, дар ин фурсати муғтанами яксола хайр ирода бифармояду мардумро хурсанд кунад, зиндагиҳоро иншоаллоҳ ширин кунад, мардумро дилшод кунад ва арвоҳи тайибаи шуҳадои азизамон, рӯҳи мутаҳҳари Имоми бузургворамон, Имоми роҳил (ризвонуллоҳи алайҳ) иншоаллоҳ шод бошад ва салому иродату ихлоси ҳамаи моро ба хоки пои Бақиятиллоҳил-аъзам (арвоҳуно фидо) иншоаллоҳ,Худои муттаъол бирасонад.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ

13 March 2022

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, дар паёме ба нишасти Иттиҳодияи анҷуманҳои исломии донишҷӯён дар Аврупо бар лузӯми шинохти ҷабҳабандиҳо ва интихоби мавзеи дурусту омодагии нақшофаринӣ ба сӯди ҷабҳаи ҳақ таъкид карданд .


Имом Хоманаӣ, дар паёме ба 56-умин нишасти Иттиҳодияи анҷуманҳои исломии донишҷӯён дар Аврупо бо ишора ба таҳаввулоти сиёсӣ ва низомии ахир бар шинохти шинохти ҷабҳабандиҳо ва интихоби мавзеи дурусту омодагии нақшофаринӣ дар таҳаввулот ба сӯди ҷабҳаи ҳақ таъкид карданд .

Дар матни паёми Валии амри мусалмонони ҷаҳон омадааст : Донишҷӯёни азиз рӯйдодҳои сиёсӣ ва низомӣ дар ин рӯзҳо ташкилдиҳандаи бахше аз ҳамон печи торихии ҷаҳон аст, ки гумони он рафта буд .

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёми худ таъкид карданд: Нухбагону зубдагони миллати бузурги мо дар ин марҳала ҳомили масъӯлиятҳои вижаанд.

Раҳбари муаъаззами инқилоби исломӣ хотирнишон карданд: “Шинохти ҷабҳабандиҳо ва сафороиҳо ва интихоби мавзеи дуруст, масъӯлияти кӯтоҳмуддат ва омодагӣ барои нақшофарӣнӣ дар таҳаввулот ба сӯди ҷабҳаи ҳақ,вазифаи миёнмуддати онон аст.”

Эшон дар паёми худ афзуданд : “Шумо ҷавонони азиз метавонед дар ҳар ду бахш бидурахшиду умед ба анҷуманҳоеро,ки музайян ба номи мубораки Ислом аст, борвар намоед.”

13 February 2022

Имом Хоманаӣ дар паёме бо ибрози хурсандӣ аз иқдоми ифтихорофарини тавлидкунандагони навиштафзори эронӣ, тавлиди бо кайфияти ин маҳсулро барои ҳар кишваре мояи ифтихор донистанд.


Матни паёми Валии амри мусалмонони ҷаҳон, ки субҳи имрӯз дар маросими посдошти ҷараёни навитафзори эронии исломӣ мунташир шуд ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим

Навиштафзор, дар шумори колоҳои ҳаётӣ барои имрӯз ва фардои ҳар кишвар аст, тавлиди бо кайфияти он низ барои кишвари тавлидкунанда мояи ифтихор аст, аз ин ки маҷмуъаҳое дар кишвари мо бар ин иқдоми ифтихорофарин ҳиммат гумошта ва гомҳои мувафақиятомез бардоштанд, хурсандам ва пойдории онҳо дар ин роҳро аз Худованди мутаъол масалат мекунам.

Тавфиқотатон мустадом бод иншоаллоҳ.

1 February 2022

Имом Хоманаӣ дар паёме даргузашт фақеҳи олимақом ва марҷаи басир, ҳазрати оятуллоҳ Оқоҳоҷӣ Шайх Лутфуллоҳи Софии Гулпойгониро таслият гуфтанд.

 

матни паёми Валии амри мусалмонони ҷаҳон ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳир Раҳмони Раҳим

Бо таассуф хабари даргузашти фақеҳи олимақом ва марҷаи басир, ҳазрати оятуллоҳ Оқоҳоҷӣ Шайх Лутфуллоҳи Софии Гулпойгонӣ ризвонуллоҳи алайҳро дарёфт кардам. Эшон аз устувонаҳои ҳавзаи илмияи Қум ва аз барҷастагони илмиву амалӣ ва пурсобиқатарин олими динӣ дар он ҳавзаи муборак буданд.

Дар даврони марҳум оятуллоҳ Буруҷердӣ, дар шумори бартарин шогирди он устоди бузург, дар замони марҳум оятуллоҳ Сайид Муҳаммадризо Гулпойгонӣ ҳамроҳу мушовири илмиву амалии эшон ва дар даврони инқилоб амину мавриди эътимоди ҳазрати имом Хумайнӣ раҳималлоҳи алайҳим ба шумор мерафтанд.

Солҳо дар Шӯрои нигаҳбон рукни аслии он шӯро маҳсуб мешуданд ва пас аз он ҳам ҳамвора дар бораи масоили инқилобу кишвар дилсӯзонаву масъулона вуруд мекарданд ва борҳо инҷонибро аз назароту машваратҳои худ мутталеъ ва баҳраманди месохтанд. Қареҳаи шеърӣ, ҳофизаи таърихӣ, пардохтан ба масоили иҷтимоӣ аз дигар абъоди шахсияти ин олими куҳансолу бузургвор буд.

Реҳлати эшон барои ҷомеиаи илмии динии кишвар мояи таассуф аст. Инҷониб ба хонадони мукарраму фарзандони гиромии эшон ва низ ба мароҷеи муаззаму уламои эъломи ҳавзаи илмия ва муқаллидону иродатмандони эшон, бавижа дар Қум ва Гулпойгон таслият арз мекунам ва раҳмату мағфирати Илоҳиро барои эшон масъалат менамоям.

Сайид Алии Хоманаӣ

12 баҳмани 1400

27 January 2022

Вебинари бозхонии номаи Имом Хоманаӣ ба ҷавонони ғарбӣ бо ҳузури ширкаткунандагон аз Шветсария, Ҳоланд ва Италия дар Стокголм баргузор шуд.


Валии амри мусалмонони ҷаҳон дар соли 2015 ду нома ба ҷавонони ғарбӣ навиштанд, ки дар муҳтавои ин номаҳо шинохти бевосита ва мустақими Ислом матраҳ шудааст.

Ба муносибати фаро расидани солрӯзи судури номаи Имом Хоманаӣ хитоб ба ҷавонони ғарбӣ, 2 вебинари тахассусӣ тавасути ройзани фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Стокголм барномарезӣ ва аввалин вебинар таҳти унвони бозхонии номаи Раҳбари муаззамин инқилоб ба ҷавонони ғарбиро бо ҳузури ширкаткунандагоне аз Шветсария, Ҳоланд ва Италия ва мушорикати донишгоҳиён, донишҷӯён ва фаъолони фарҳангии кишварҳои мухталиф баргузор шуд.

Ҳудо Аҳмадӣ, муҳаққиқ ва донишҷӯи мутолеоти динӣ аз Шветсария дар суханоне, ба фалсафаи судури нома ва заруриятҳои замонии он пардохт ва бо таҳлили шароит ва мавқеияти фарҳангӣ Ғарб онро бо номаи Имом Хумайнӣ (р) хитоб ба Горбачёв муқоиса кард ва зарфиятҳо ва таъсироти билқува ва заруриятҳои нозир ба нашри густардаи онро мавриди баҳс қарор дод.

Як фаъоли фарҳангӣ-мазҳабӣ ва дабири маркази исломии Тавҳиди Италия низ дар ин вебинар, шаклгирии гуруҳҳои террористии ДИИШ-ро ба унвони ҷилвае аз Исломи инҳирофӣ, тавтеа барои тахриби чеҳраи Ислом ва мусалмонон муарифӣ ва ин нома ва паёми онро роҳбурде барои муқобила ва хунсосозии ин тавтеа қаламдод кард.

Дар поёни ин нишаст Сайидзиё Ҳошимӣ, ройзани фарҳангии Эрон дар Стокголм ба таҳлили се меҳвари муҳим дар хуссуси ин нома, шомили муҳтавои нома, адабиёт ва мантиқи тадвин ва интихоби мухотабони он, яъне ҷавонони ҷомеаи Ғарб ва билохира тақозои замонӣ ва мавзуи судури ин нома пардохт.

14 January 2022

Имом Хоманаӣ, Валии амри мусалмонони ҷаҳон бо судури паёме даргузашти шаҳодатгунаи оқои Ҳасани Ирлӯ, сафири муҷоҳиду коромади Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Яманро табрик ва таслият гуфтанд.


 

Матни паёми Валии амри мусалмонони ҷаҳон ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳирраҳмонирраҳим

Даргузашти шаҳодатгунаи сафири муҷоҳиду коромади Ҷумҳурии Исломӣ дар Яман ҷаноби оқои Ҳасани Ирлӯ раҳматуллоҳ алайҳро ба хонадони гаромӣ ва ба дӯстону ҳамфикронаш дар мароҳили гуногуни муҷоҳидати дарозмуддати вай таслияту табрик арз мекунам. Парвандаи ифтихоромези ӯ маҷмӯъае аз муҷоҳидатҳои сиёсӣ ва талошҳои диплумосӣ ва таҳарруки иҷтимоӣ аст. Ду бародари вай пеш аз ӯ ба файзи шаҳодат расидаанд. Раҳмати Худо бар ин бародари ҷиҳодгару хонадони сабур ва басир ва фидокораш бод.

Сайидалии Хоманаӣ 

1-уми деймоҳи 1400-и ҳ.ш

14 January 2022

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, дар паёме даргузашти марҳум Оятуллоҳ Сайидразии Шерозиро таслият гуфтанд.


Матни паёми таслияти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

Даргузашти олими бузургавор марҳум Оятуллоҳ оқои ҳоҷӣ Сайидразии Шерозӣ раҳматуллоҳи алайҳро, ки аз фарзандони парчамдори кабири Ислом ва ташайюъ ва марҷаъи истеъморситезии қарни чаҳордаҳуми ҳиҷрӣ - марҳум Мирзои Шерозии бузург буданд, ба ҳавзаи илмияи Теҳрон ва шогирдону иродатмандони эшон ва байти рафеи Шерозӣ ва ба вижа ба хонадони мукарраму бозмондагони эшон таслият арз мекунам ва раҳмату мағфират ва улувви дараҷоти эшонро аз Худованди мутаол масъалат менамоям.

Сайидалии Хоманаӣ, 11 озари 1400 ҳ.ш

18 November 2021

Валии амри мусалмонои ҷаҳон бо судури паёме даргузашти олими муҷоҳид ҳуҷҷатулислом валмуслимин Ҳоҷшайх Мӯҳсини Муҷтаҳиди Шабистариро таслият гуфтанд.


Имом Хоманаӣ, Валии амри мусалмонони ҷаҳон бо судури паёме даргузашти олими муҷоҳид ҳуҷҷатулислом валмуслимин Ҳоҷишайх Муҷтаҳиди Шабистариро таслият гуфтанд.

Матни паёми эшон ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳирраҳмонирраҳим

Даргузашти олими муҷоҳид ҷаноби ҳуҷҷатулислом валмуслимин оқои Ҳоҷишайх Муҳсини Муҷтаҳиди Шабистариро ба хонаводаи гиромӣ ва фарзандони арҷуманд ва ҳамаи иродатмандони эшон дар Теҳрон ва Озарбойҷон таслият арз мекунам. Ин олими бузургавор аз ҷумлаи мувафақтарин руҳониёни фаъол дар хадамоти иҷтимоӣ ва ҳидояти умумӣ ва идораи ҳавзаи илмия дар Теҳрон ва Табрез буданд. Талошҳо ва заҳматҳои эшон дар даврони тулонии имомати ҷумъаи Табрез фаромуш нашуданӣ аст ва осори мондгори он марҳум дар ҳавзаи илмияи Теҳрон ва ғайра мувҷиби ҷалби раҳмати илоҳӣ ба эшон аст. Иншоаллоҳ аз Худованд Мутаъол мағфират ва улувви дараҷоти ин олими бурузгаворо масъалат мекунам.

3 November 2021

Валии амри мусалмонони ҷаҳон бо судури паёме даргузашти олими парҳезгор ва мардумӣ ҳуҷҷатул-ислом ҳоҷ Сайидалимуҳаммади Алоқабандро таслият гуфтанд.

Матни паёми Валии амри мусалмонони ҷаҳон ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳирраҳмонирраҳим

Даргузашти олими парҳезгор ва мардумӣ ҷаноби ҳуҷҷатул-ислом оқои Ҳоҷ Сайидалимуҳаммади Алоқабанд (р)-ро ба умуми мардуми шариф ва мутадайини Язд ва иродатмандони он олими раббонӣ ва низ ба олимони бузург ва ба вижа ба бозмондагони он марҳум таслият арз мекунам ва улувви дараҷоти эшонро аз Худованд масъалат менамоям.

Сайидалии Хоманаӣ

03-11-2021

26 September 2021

Имом Хоманаӣ дар паёме даргузашти олими раббонӣ ва солики тавҳидӣ оятуллоҳ оқои Ҳасанзодаи Омулиро таслият гуфтанд .


Матни паёми Имом Хоманаӣ ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим

Бо таъассуф хабари даргузашти олими раббонӣ ва солики тавҳидӣ Оятуллоҳ оқои Ҳасанзодаи Омулӣ (р)-ро дарёфт кардам. Ин рӯҳони донишманду зуфунун аз ҷумлаи чеҳраҳои нодиру фохире буд, ки намунаҳои маъдуде аз онон дар ҳар давра чашму дили ошноёнро менавозад ва тавъаман донишу маърифат ва ақлу дили ононро баҳраманд месозад . Навиштаҳову маншаоти ин бузургвор манбаи пурфайзе барои дӯстдорони маориф ва латоиф буда ва хоҳад буд,иншоаллоҳ . Инҷониб ба ҳамаи дӯстону шогирдон ва иродатмандони эшон бавижа ба мардуми муъмину инқилобии Омул ва ҷавонони муштоқе, ки маҷзӯби мавозиъи инқилобӣ ва хулқиёти волои инсонии он марҳум буданд, таслият арз мекунам ва раҳмату мағфират ва улуви дараҷоти эшонро аз Худованди мутаъол масъалат менамоям .

Сайидалии Хоманаӣ 4 меҳри 1400 ( 26 сентябри 2021 )

3 September 2021

Имом Хоманаӣ дар паёме ба сабаби даргузашти генерал Сайид Ҳасани Фирӯзободӣ ҳамдардӣ баён кард.


Валии амри мусалмонони ҷаҳон, рӯзи ҷумъа дар робита ба даргузашти генерал -майор Сайид Ҳасани Фирӯзободӣ паёми тасаллият ирсол карданд:

Инқилоби исломӣ дар соҳаҳои муҳим ба мисли ҷиҳоди созанда ва гурӯҳҳои марбут ба Шӯрои олии дифоъ , ва махсусан хидмати дарозмуддат дар сари ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳ ва ниҳоят узвият дар Шӯрои мақсаднокӣ захираи маънавӣ ва охирин чораи ин бародари меҳнатдӯст ва хайрхоҳ аст.

Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ афзуд:

"Руҳи ибодат ва тақво ва ҳақиқат ва субот дар пайравӣ ба эътиқод ва амали инқилобӣ як имтиёзи бузургест, ки ҳамеша бо ин бародари азиз иртибот дошт; ин хислатҳои барҷаста манбаи раҳмат хоҳанд буд ва хушнудии илоҳӣ аз ӯ, иншоаллоҳ; аз Худои Қодири Мутлақ барои ӯ ва барои наҷотёфтагон осоиштагӣ ва сабри ҷамил хоҳонам.

Генерал -майор Басиҷӣ Фирӯзободӣ, собиқ сардори ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳ ва мушовири калони низомии Фармондеҳии умумии Қувваҳои Мусаллаҳ имрӯз (ҷумъа) бар асари беморӣ дар синни 70 -солагӣ даргузашт.

23 August 2021

Имом Хоманаӣ дар паёме даргузашти олиму мутафаккири барҷаста Муҳаммадризо Ҳакимиро таслият гуфтанд.


 

Дар паёми Имом Хоманаӣ-Валии амри мусалмонони ҷаҳон омадааст :

Бо таъассуфу таъассур хабари даргузашти олиму мутафаккири барҷаста, ҷаноби оқои Муҳаммадризо Ҳакимӣ қудсиаллоҳу нафасаро дарёфт кардам . Ишон донишманди ҷомеъ, адиби чирадаст, андешаварзи навовар ва исломшиноси адолтхоҳ буданд . Ишон умрро фориғ аз орояҳову пирояҳои моддӣ дар хизмати маорифи волои Қуръону Суннат гузаронда ва осори арзишманд аз худ ба ҷо ниҳоданд .

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ дар ин паём афзуданд : Баҳрагирӣ аз маҳзари пурфайзу нафаси гарми устодони маърифату маънавият дар Машҳади муқаддас ва захирае аз таваккулу таъаббуд ғинои нафс дар дилу ҷони ин шахсияти азиз ба ҷо ниҳода буд, ки то охири умри бобаракаташ вайро устувор медошт . Ин ҷониб фиқдони андуҳбори ин рафиқи деринро ба хонадони мукаррами Ҳакимӣ ва бозмондагон бавижа бародари бузургвори ишон ва низ ба ҳамаи дӯстону алоқамандони он марҳум таслият арз мекунам ва раҳмату мағфирати илоҳиро барои вай масъалат менамоям .

Муҳаммадризо Ҳакимӣ, муҷтаҳиди мусалмон ва файласуфу нависандаи эронӣ, ки чанде пеш бар асари корона дар бемористон бистарӣ буд, шомгоҳи якшанбе даъвати ҳақро лаббайк гуфт .

17 August 2021

Бо ҳукми Валии амри мусалмонони ҷаҳон, адмирал Шаҳроми Эронӣ ба фармондеҳии нерӯи дарёии артиш мансӯб шуд.


Имом Хоманаӣ, фармондеҳи муаззами кулли қуво дар ҳукме адмирал Шаҳроми Эрониро ба фармондеҳии нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон мансӯб карданд.

Матни ҳукми фармондеҳи муаззами кулли қуво ба ин шарҳ аст: Адмирали дувум Шаҳроми Эронӣ, назар ба тааҳҳуд ва ҳусни савобиқ ва пешниҳоди фармондеҳи кулли артиш, шуморо бо эътои дараҷаи адмирал ба симати фармондеҳи нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, мансуб мекунам. Дар ҳукми раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ омадааст, иҳтимоми ҷиддӣ ва шоиста дар баҳрабардорӣ аз зарфиятҳои нерӯ ва артиш ва нерӯҳои мусаллаҳу кишвар барои пешбурди ҷиҳодӣ ва инқилобии он нерӯ, иртиқои тавону омодагии ҳамаҷониба бар пояи рушду таъолии сармояи инсонӣ мавриди интизор аст. Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ҳамчунин, аз талошҳои муассири адмирал Ҳусайни Хонзода дар ин масъулият, ташаккур карданд.

3 August 2021

Валии амри мусалмонони ҷаҳҳон, дар ҳукми танфизи раёсатҷумҳурӣ бар майдон додан ба ҷавонон, рафъи мавонеи тавлид, тақвияти пули миллӣ ва тавонмандсозии мардум таъкид карданд.


Маросими танфизи ҳукми раёсатҷумҳурии давраи сездаҳум, дар Ҳусайнияи имом Хумайнӣ (р) имрӯз баргузор шуд ва Имом Хоманаӣ Валии амри мусалмонони ҷаҳҳон бо танфизи раъйи миллат, Саидиброҳими Раисиро ба раёсатҷумҳурии исломии Эрон мансуб карданд.

Имом Хоманаӣ дар ҳукми танфиз, ҳузури пурмаъно ва иззатофарини мардум дар интихобот ва интихоби шахсияте мардумӣ, парҳезгор ва дорои савобиқи дурахшони мудириятиро нишонаи азми росихи миллат бар паймудани масири нӯронии инқилоб яъне масири адолат, пешрафт ва озодӣ донистанд.

Валии амри мусалмонони ҷаҳҳон, бо ишора ба омодагии кишвар барои ҳаракати ҷаҳишӣ дар ҳамаи арсаҳо, бар рафъи мавонеи тавлид, тақвияти пули миллӣ, тавонмандсозии қишрҳои мутавассит ва поини ҷомеа ва ҳаракати пуршитоб ба самти ҷойгоҳи шоистаи кишвар таъкид карданд.

Дар матни ҳукми танфиз омадааст: Худованди алим ва қадирро сипос мегӯям, ки бо фазлу инояти худ, Эронро бори дигар дар озмуни сиёсӣ ва иҷтимоии интихобот сарафроз фармуд ва миллати азимушаън, дар шароитии печида ва душвор, бо ҳузури пурмаъно ва иззатофарини худ, ҳокимияти раъйи мардум бар идораи умури кишварро намоён сохт ва бо интихоби шахсияте мардумӣ ва олиқадр, аз табори сиёдат ва илм ва мазин ба парҳезгорӣ ва хирадмандӣ ва дорои савобиқи дурахшони мудирият, азми росихи худро бар паймудани масири нӯронии инқилоб, ки масири адолат ва пешрафту озодӣ ва иззат аст, нишон дод.

Дар идомаи матни ҳукми танфиз омадааст, имрӯз меҳани азизамон, ташнаи хизмат ва омодаи ҳаракати ҷаҳишӣ дар ҳамаи арсаҳо ва ниёзманди мудирияте бокифоят ва ҷиҳодӣ ва доно ва шуҷоъ аст, ки битавонад тавонмандиҳои ошкору наҳуфтаи миллат, бавижа ҷавононро, ки бисёр фаротар аз мушкилот аст, басиҷ карда ва ба майдони кору талоши созанда оварад. Мавонеъро аз сари роҳи тавлид бардорад, сиёсати тақвияти пули миллиро баҷид дунбол кунад ва қишрҳои мутавассит ва поини ҷомеаро, ки сангинии мушкилоти иқтисодӣ бар души онҳост, тавонманд созад, мудирияте, ки бо машии фарҳангии хирадмандона, масири эътилои моддӣ ва маънавии миллати Эронро ҳамвор карда, ҳаракати кишвар ба самти ҷойгоҳи шоистаашро шитоб бахшад. Акнун бо ташаккур аз мардуми азиз ва бо пайравӣ аз гузиниши онон, раъй ба алими фарзона ва хастагинопазир ва корозмуда ва мардумӣ, ҷаноби ҳуҷҷатулислом оқои Саидиброҳими Раисиро танфиз ва эшонро ба раёсатҷумҳурии исломии Эрон мансуб мекунам ва аз Худованди мутаол ва тавфиқу сарбаландии эшон ва ҳамкоронашонро масаллат менамоям ва ёдоварӣ мекунам, ки раъйи миллату танфизи инҷониб то ҳангомест, ки машии ҳамешагии эшон дар паймудани сироти мустақими ислом ва инқилоб идома дошта бошад, ки ба фазли иллоҳӣ чунин хоҳад буд.

Пурбоздидтаринҳо

All rights reserved This website is owned 2017