this is a title for here

 

 Муҷоҳидони дар роҳи Худо, ҷузъи авлиёи илоҳӣ
   Operator    14 April 2021 312 Read    Add new comment

Ҳаққан ва инсофан вилояти Форс ва шаҳри Шероз яке аз қуллаҳои барҷастаи кишвари мо ва миллати мост; қуллаи барҷастаи нерӯҳои инсонии мумтоз, дар илм, дар адаб, дар пешрафтҳои гуногуни умури ҳаёти иҷтимоӣ, дар муборизот, дар ҷиҳод, дар диндорӣ. Ба таърихи ахири қабл аз пирӯзии инқилоб ҳам, ки нигоҳ кунем, номи Шероз дар ҳассостарин ва ҳаётитарин қазияҳои иҷтимоии мо барҷастааст.

Фарз кунед дар қазияи таърихии таҳрими тамоку, ки сароғози як муборизаи мардумӣ ва огоҳона бар алайҳи тасаллути Ғарб буд, номи Мирзои Шерозӣ матраҳ аст; ки агар ҳамон ҳаракати Мирзои Шерозӣ (р) идома пайдо мекард ва сиёсатмадорон ва нухбагони кишвар ҳамон хатро дунбол мекарданд, сарнивишти Эрон ғайр аз он чизе мешуд, ки иттифоқ афтод; вале хуб, истеъморгарҳо аз ғафлатҳо ва аз тамаъҳо истифода карданд, омаданд васат, хатро қатъ карданд, ё дар қазияи ҷангҳои мардуми Ироқ бо истеъмори Ангилис ва дахолати ангилисиҳо, боз онҷо ҳам исми Шероз матраҳ аст.

Раҳбари ин ҳаракати азим, марҳуми Мирзо Муҳаммадтақии Шерозӣ -маъруф ба Мирзои Шерозии дуввум- ин марди бузург ва олим ва марҷаъи тақлид буд. Дар худи Форс, олимони бузург, шахсиятҳои барҷаста ва инсонҳои воло буданд; чи дар муборизоти даврони машрута, чи баъд аз он дар даврони муборизоти Инқилоби Исломӣ, ва чи дар пирӯзии инқилоб, ва чӣ баъд аз он то имрӯз. Ин, ҳоло боби муҷоҳидат аст.

Албатта “Ҷиҳод, даре аз дарҳои биҳишт аст, ки Худованд онро барои авлиёи махсуси худ боз намудааст”, Боби ҷиҳод, боби кам аҳаммияте ҳам нест; дари биҳишт аст, ба рӯи ҳама ҳам боз намешавад; ба рӯи авлиё боз мешавад. Ин нишон медиҳад, ки мардуми муҷоҳиди мо аз авлиёи Худованд ҳастанд, ки ин боб рӯи онҳо боз шудааст.

Баёнот дар дидори мардуми вилояти Форс

2011-04-23


Add comment


Security code
Refresh

All rights reserved This website is owned 2017